БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲАР ЯК ҶАВОНИ БЕДОРДИЛ БОЯД ХИЗМАТИ ҲАРБИРО АДО НАМОЯД

АНДЕША: ХОВАЛИНГ: Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, дӯстиву рафоқат ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату милатро зери сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегирем ва барои ояндаи дурахшони ин сарзамини беназир камари ҳиммат мебандем.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки: “Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад”.
Вобаста ба ин гуфтаҳо имрӯзҳо ҷавонони мо низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шабонарӯз оромии кишвар ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандони мамлакатро аз ҳамагуна хатарҳои ҷаҳонӣ, гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгароӣ эмин медоранд. Зеро онҳо пурра дарк кардаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ пеш аз ҳама, мазмуни ҳимояи номус, шаъну шарафи волидону наздикон ва ҳамватанонро дорад.
Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон онҳоро ҳидоят намоем.
Ба онҳо ба таври равшану возеҳ фаҳмонем, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Ҳар як ҷавони бедордил бояд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо орад. Осудагӣ ва оромии кишварро қадр намуда, нагузорад, ки касе онро халалдор намояд. Хизмат дар сафи артиш на танҳо қарз, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи мо бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан раванд. Саркашӣ аз хизматро ба худ раво надида, баракс ба ҷавонони синни даъватӣ таблиғгар бошанд, то онҳо низ хизмати Ватанро пешаи худ қарор диҳанд. Имрӯзҳо ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хеле хуб гардидааст ва фарзандонро руҳан тарбия намуда, барои адо намудани қарзи фарзандӣ ба ин мактаби мардонагию ҷасурӣ сафарбар намоем.
Набизода Шарифҷон Нусратулло,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg