БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

РИОЯИ ҚОНУНҲО АЗ КОРМАНДОНИ ДАВЛАТӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД

ДӮСТӢ: Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон ва риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" ва дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодаанд.
Чунин чорабинӣ бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Олимов Иброҳим, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Давлатов Зайниддин бо омӯзгорон ва аъзоёну ҷонибдорони МТМУ 41-и ноҳияи Дӯстӣ баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи суботу амният ва шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg