БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ДОИРАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ 365-РӮЗИ ОБОДОНӢ

ТЕМУРМАЛИК: Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон "365-Рӯзи ободонӣ" эълон гардидааст. Баҳри дар амал тадбиқ намудани ин ташаббуси ҳизбӣ, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии як қатор корҳои ободонию созандагии дастаҷамъона доир гардида истодааст.
Яке аз ин ташкилотҳо ин ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби Ширин” мебошад.
Дар ин ташаббус ва корҳои ободонӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, аъзоёни ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик иштирок ва саҳми назаррас дошта дар якҷоягӣ бо сокинон баҳри тозаю озода намудани назди атрофи биноҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаю хиёбонҳо, роҳравҳо аз партовҳо тозаю озода намудани муҳити атроф, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Чунин иқдомҳо бо ташаббуси якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик то рӯзи баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарӯза корҳои ободонӣ идома ёфта, сокинони ноҳияи Темурмалик азм доранд, ки ҷашни муқаддаси давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg