
22–юми сентябр дар Корхонаи Воҳиди Давлатии Бохтар-нақлиёти шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯдаки поягузори адабиёти тоҷику форс” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Ташрифзода Амиралӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Амиршоҳи Хатлонӣ, сармуҳаррири газетаи “Ваҳдатсаро”, Худоёрзода Раҷабалӣ, номзади илмҳои филологӣ, Раҳмонов Маҳмурод, саромӯзгори ДДБ ба Н. Хисрав иштирок доштанд.
Сараввал меҳмонон аз намоиши асарҳои Пешвои миллат ва ашъори шоирони тоҷику форс дидан намуда, сипас,ба толор ташриф оварда, чорабиниро оғоз намуданд.
Маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакиро Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва пешвои бузурги шоирон ва илму адаб эътироф шудааст. Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин суханварест, ки дастовардҳои адабии гузаштагони халқи тоҷикро барои наслҳои минбаъд мерос гузошта. Ба андешаи донишмандонии риштаи илму адаб Рӯдакӣ мақоми шеърро ба авҷи аъло расонида, роҳи ояндаи онро муайян намуд. Дар замони ӯ бисёр жанрҳои шеърӣ аз ҷумла, қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ рушду ташаккул ёфта, дар асрҳои баъдӣ дар пайравӣ аз устод Рӯдакӣ дар эҷодиёти ин қофиласолори назм ба вуҷуд омадаанд.
Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, оид ба вижагиҳои эҷодиёти Абуабдулло Рӯдакӣ ибрози андеша намуд. Зикр гардид, ки Сардафтари адабиёти классикии тоҷик, бо эҷодиёти тараннумгари андешаҳои инсондӯстиву ватанпарастӣ назми тоҷикро ба илми инсоншиносӣ табдил додааст.
Дар эҷодиёти Рӯдакӣ масоили тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат ва илму дониш аз мавзуҳои меҳварӣ арзёбӣ мегардад. Ба андешаи ин шоири ҷаҳоншумул рушду ташаккули афкори инсон аз кӯ
шишҳои пайваставу ҳадафнок, сабру тоқат, солорию бурдборӣ сабру таҳаммулпазиирӣ ва донишу таҷрибаи худи ӯ вобастагӣ дорад.

Маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар аз тарафи ЮНЕСКО дар соли 2008, 1150 - солагии шоири миллии мо, падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия бо тантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузорт гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ, сармуҳаририри газетаи “Ваҳдатсаро”, омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав, Худоёрзода Раҷабалӣ ва Раҳмонов Маҳмурод суханронӣ намуда, оид ба нақши Устод Рӯдакӣ дар рушду эҳёи жанрҳои гуногуни адабӣ, баланд бардоштани мақоми илму маърифат тавассути ашъори нобашон саҳми бағоят муҳим гузоштаанд. Тавре таъкид гардид, кулли адабиёти қофиласарои назми тоҷик ба тарбияи маънавии башар, роҳнамоии инсон ба рӯзгори хурраму баҳраварӣ аз неъматҳои зиндагӣ бахшида шудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва роҳбарияти КВД Бохтар-нақлиёт барои иштирок дар ин чорабинӣ ба меҳмонон изҳори сипосгузорӣ намуда, изҳор доштанд, ки суҳбату вохӯриҳоии кормандони соҳаҳои гуногунии бо сиёсатмадорону зиёиён ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Адиба Бегиҷонзода, “Ҳамрози халқ”