БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ҶАЛАСА МАСЪАЛАҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

18 сентябр дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ҷаласа оид ба фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳаштмоҳаи соли 2025 ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, муовини раис, мудирони шуъбаҳо ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи марказӣ, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва инчунин кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бо сокинону фаъолони ҳизб ва хизматчиёни ҳарбӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Яке аз дастовардҳои бузурги миллат ин Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки дар заминаи он рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар боло рафта, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои зебо ва амн табдил гашт.
Дар заминаи даструру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят иқдоми ҳизбӣ таҳти унвони “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ” барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Ҳадафи асосии ин иқдом боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ватанпарастӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад-қайд кард Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб.
Масъалаҳои дигаре, ки дар ҷаласа садо доданд, ин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ дар миёни ҷавонону наврасон, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, тақвият бахшидани аксия ва ташаббусҳои ҳизбӣ, таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ, саривақт таъмин намудани нафақаи ҳизбӣ, навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва табъ расонидани онҳо дар сомона ва нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва инчунин риояи қатъии интизоми меҳнат, буданд.
Дар қисмати ниҳоии ҷаласа ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода шуд, ки аз рӯи масъалаҳои дар боло зикргардида корҳои ҳизбӣ ҷоннок карда шуда, сари вақт ба Кумитаи вилоятии ҳизб маълумот пешниҳот карда шавад.
“Ҳамрози халқ”

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg