БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ДОИРАИ 365-РӮЗИ ТАШАББУСҲОИ ОБОДОНӢ, СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРИ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДЕҲАИ КУҲАНДЕҲИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН: Бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ, санаи 17 июли соли 2025, эълон намудани иқдоми “365 рӯзи ташаббусҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат буд. Бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳияви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ташаббуси соҳибкорон, саховатмандон ва сокинони деҳаи Куҳандеҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ гардонида истодааст. Санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ тариқи техникаҳои замонавӣ барои мумфаршкунӣ деҳаи Куҳандеҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо маром идома дошта соҳибкорон ва сокинони деҳаи мазкур қайд намуданд, ки ҷиҳати ҷонок намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баҳри ободиву зебогии ватани азизамон бо аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ талош варзида, саҳми арзандаи хешро дар ин самт мегузорем.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg