БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тозагии муҳити зист асоси солимии миллат ва рушди давлат

Н.ХУСРАВ. Тибқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  татбиқи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ-ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ба   ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  дар амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии «Идораи  хоҷагии  манзилию комуналӣ»    вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Дар вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон -ҳизби   созандаю  бунёдкор,  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон андешаронӣ намуда, афзуд, ки вазифаи  ҳар  як  фарди  ҷомеа, бахусус  аъзои  ҳизб   пешгирӣ аз майл  ба  фарҳанги  бегона, тарбияи  насли ҷавон  буда,    мо  масъулини соҳа  ва  фаъолони  ҳизбро зарур  аст, ки  бо  мардум дар  маҳалҳо   ҳамкориро  густариш   диҳем,  иртиботи  худро  бо  сокинон  пурзӯр  намоем ва  онҳоро   дар  самти  татбиқи ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат,  дар корҳои ободонию  созандагӣ    равона  намуда, ҷиҳати дар ҳолати  хуб ва  тоза нигоҳ доштани   маҳали зист, таъмини   сокинон  бо  оби  тоза,  сари  вақт бардоштани  партовҳо   сафарбар  созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg