
КӮЛОБ. Санаи 04.09.2025 тибқи супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан”, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қисми ҳарбии 13483, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, Ҳақназарзода Фирӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Бурҳонзода Муслиҳиддин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғафорзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Сайвалӣ, узви Раёсат, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ инчунин, кормандони масъули ҳизбӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакилони ҳизбӣ, собиқадорон, фаъол ҷавононӣ вилояти Хатлон ва ВАО-и ҳизбиву давлатӣ даъват шуда, дар чорабинӣ ширкат доштанд.
Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғафорзода меҳмононро хушомадед гуфта, зикр намуд, ки: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозаро ифтитоҳ бахшида, ба рушду пешрафти соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Мардуми сарбаланди тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлативу тобеият шаҳди истиқлол ва озодиро чашида, ҳамчун ангуштони як даст ва фарзандони як модар аз як гиребон сар бароварда, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои арзанда талош намуд. Давоми солҳои истиқлолият дар тамоми самтҳои ҳаёти давлат дигаргуниву навгониҳои муфиде рӯйи кор омаданд, ки ба баланд шудани нуфузи Тоҷикистон ва таъмини тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шароити арзанда фароҳам оварданд.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои бузурги давлат ва дастоварди замони истиқлол аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат унвон намуда, таъкид доштаанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.
Воқеан, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи истиқлолу амният ва озодии мамлакат рисолати сипари боэътимодро бо сарбаландӣ иҷро намуда, новобаста аз он ки бо иқтидору нерӯи камтарин таъсис ёфта буд, имрӯз аз лиҳози техникаву ҳайати шахсӣ ва қудрату имконият торафт ғанӣ мегардад, ки аз таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирҳои судманди мақомоти олии мамлакат маншаъ мегирад.
Боиси ифтихор ва шарафмандӣ ҳаст, ки кишвари маҳбуби мо имрӯз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифта истодааст, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст. Бо талошу муборизаҳои шабонарӯзии ин абармарди сиёсат давлати моро тавонист, ки бо беш аз 213 давлати пешрафтаи дунё муаррифӣ намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, зимни суханронии хеш ба ҳозирин иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввалини роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Ҳамзамон, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил–Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар оромӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, тоҷикони дунёро зери парчами сулҳу дустӣ муттаҳид кард.
Маҳз роҳбарии хирадмандонаи давлатсозӣ ва давлатмеҳварии Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон дар муддати 34 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир дар сиёсати дохилию хориҷӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ноил гардид. Ба шарофати Истиқлолият имрӯз мо дар фазои ободу зебо умр ба сар бурда ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодаем. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, “Агар истиқлолияти давлатии мо ҷавон бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории аҷдодони мо ҳазорсолаҳост”.
Зимни баромади хеш раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ ин оррзуи деринтизори халқи тоҷик буда, пас аз заволи аввалин давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон – давлати Сомониён бо гузашти тақрибан ҳазор сол, тоҷикон боз аз нав соҳиби давлат гардиданд. Воқеан ҳам, истиқлоли давлатӣ бо азму талош, ҷидду ҷаҳд, муборизаҳои ватандӯстонаву истиқлолхоҳона ба даст омад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбариашон Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар кори давлатдорӣ истеъдоду ҳунари фавқулодае нишон доданд ва ба сиёсати давлатдорӣ чун марди сиёсатмадор ва пуртаҷриба даст заданд, ки натиҷааш хеле олӣ буд. Ӯ дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти гарони барқарорсозии сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи озоду кишвари ободро ба дӯш гирифт.
Он замон Сарвари давлат гуфта буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Ва ниҳоят ҳамин хел ҳам шуд, мо соҳиби давлат, парчам, нишон, суруди миллӣ ва якпорчагии замин гаштем.
Сипас, дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Марказии ҲХДТ Бурҳонзода Муслиҳиддин суханронӣ намуда, ҳозиринро ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуд. Мавсуф аз он ҷумла қайд намуд, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демкоратӣ ва шаҳрвандӣ нақши ҷавонон бағоят бузург аст. Аз ин рӯ истифодаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар раванди рушди давлатдорӣ саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Бо назардошти саҳифаҳои таърихи сипаринамудаи миллати тоҷик метавон қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистони муосир, махсусан зодагони даврони истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи хушбахтарин инсонҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи маҷлис узви Раёсат, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ, ҳозиринро ба рӯзи Истиқлол табрик гуфта иброз доштанд, ки “Истиқлол – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст”,-мефармояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Боиси ифтихору сарфарозии мо миллати тоҷик аст, ки аз умқи таърих барои гузаштагони мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мо мардуми кишвар мафҳуми бисёр азиз буд, ҳаст ва хоҳад монд. Имрӯзҳо бошад метавон ба сарбаланди гуфт, ки сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро ин истиқлолу озоди барои мо имконият фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба пешрави ниҳод. Аз ҷумла, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба ин тариқ беҳтар гардонидани вазъи зисту зиндагии сокинони биҳиштосои кишварамон. Дар ин самт бисёр тадбирҳои муҳим андешида шуданд, ки ҳар яки он барои беҳ гардидани шарту шароит ва зисту зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи КИВ ва КИШ ба сарбозон ва роҳбарияти Қисми ҳарбии 13483 Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси шуда, ҳамзамон, барои афсарону сарбозон чорабинии фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста шуд.