БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ БО ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ПАХТАЧИН

А.ҶОМӢ: Имрӯз дар идомаи вохӯриҳои пайдарпайи худ Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи баргузории вохӯриҳо бо интихобкунандагон, бо занону духтарони пахтачини Хоҷагии деҳқонии «Ҳабиб»-и ҷамоати деҳоти Вахшони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вакил ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, нақши фаъоли занон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, саҳми бевоситаи онҳо дар кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ва инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим, фарҳанги китобхонӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дахл намуда, бо ҳозирин суҳбати ошкоро ва самимӣ анҷом доданд.
Вакил Аюби Бибиосия Оймаҳмадзода зимни суҳбат бо занону духтарони пахтачин аз рӯзгори ҷавонии худ дар саҳро ёдовар шуда, саҳми меҳнати поку ҳалолро дар тарбияи фарзанди солеҳ, ҳурмати ҳамсар ва бунёди хонаводаи солим таъкид намуд. Вай изҳор дошт, ки зиндагии шоиста аз худшиносӣ, эҳтиром ва масъулияти ҳар узви ҷомеа оғоз мешавад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки саҳми занони деҳқон, бахусус дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта, шоёни таҳсин аст ва фаъолияти содиқонаи онҳо намунаи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ ба ҳисоб меравад. Дар интиҳо вакили мардумӣ ба занону духтарони заҳматкаш барои саҳми арзандаашон изҳори сипос намуда, онҳоро ба пайравӣ аз Пешвои миллат ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти кишвар даъват карданд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg