
Восеъ: Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 13483-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ буда, ҳамоиши идонаи ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ – Неъматзода Фарзона, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Орифзода Сомон ва сарбозону афсарон иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ сарбозон яроқу аслиҳа, мошинҳои ҷангӣ ва дигар лавозимотҳои ҳарбиро ба номаиш гузоштанд, ки иштирокдорон аз онҳо дидан намуданд.