
БОХТАР: Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маърифат" - и МД Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ва дар ҳамбастаги бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи "Маданият" бахшида ба 34 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Қурбонзода Наргиз- муовини раиси шаҳри Бохтар, Ташрифзода Амиралӣ Сафаралӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Шарифзода Шаъмигул - Директори МД коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар инчунин аъзову ҷонибдорони ҳизб дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Истиқлолият барои мардуми тоҷик бахту саодати бепоён оварда, роҳи рушди ояндаи моро муайян сохт. Маҳз аз баракати ин неъмати бебаҳо мо пояҳои давлатдории миллии хешро таҳким бахшида, баҳри ояндаи дурахшони наслҳои имрӯзу фардо шароит фароҳам овардем.
Сипас, баҳри таҷлили сазовори 34 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳунармандони мумтоз барномаи ҷолибу хотирмони фарҳангию фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, ба шукӯҳи ҷашни мазкур шаҳомати хосса бахшид.