
ШАҲРИТУС: Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия, санаи 2 сентябри соли 2025 дар қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус, бо иштироки шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ташкилоту муасиссаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи умумӣ, ҷавонон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ, Фестивал озмуни ҷумҳуриявӣ телевизонии эҷодиёти халқ “Андалеб-2025” байни ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ташкил намудани ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангӣ, намоиши сару либоси милӣ, рақси якка, суруди якка, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳо, фалак, лапар ва саҳнача дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки мақсади баргузории озмуни мазкур меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, ифтихорӣ миллӣ, файзу баракати Истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фаҳангӣ миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дўстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон мебошад.
Боиси қайд аст, ки дар баргузории Фестивал озмуни ҷумҳуриявӣ телевизонии эҷодиёти халқ “Андалеб-2025” намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, баромад намуда, меҳмонон ва ҳамаи иштироккунандагонро бо ташкил намудани ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангӣ, инчунин бо ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Инчунин чорабинии фарҳангӣ базми консерти бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.