
ВАХШ: Санаи 4-уми сентябри соли равон дар майдони Парчами давлатии Боғи ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангиву сиёсӣ ба истиқболи ҷашни пуршукуҳи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” бо тантана баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ "Созандагони Ватан", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир гардид. Дар ин чорабинии идона Абдусаломзода М., Вакили МНМО аз ҳавзаи якмандатаи Вахш ✓32, Аҳмадзода О., Раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Негматзода А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Кенҷазода Г, муовини раиси ноҳия Вахш ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Абдусаломзода М., Аҳмадзода О., Негматзода А ва дигарон дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки маҳз бо ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва фаъолияти пайгиронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва таҳким ёфта, мардум дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд. Ҳамзамон дастур доданд,ки ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як хонадони сокинони ноҳия, таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланд ва бо оростани дастархони маънавии идона ва сарҷамъии аҳли оила,бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол ва тинҷиву оромии кишвар баргузор карда шавад.
Фазои идона ба якчанд нафар ҷавонони фаъоли замони соҳибистиқлолии кишвар Сипосномаҳои ТҶҶ "Созандагони Ватан" тақдим карда шуд ва инчунин бо баромадҳои фарҳангӣ, аз ҷумла сурудҳои ватандӯстонаи аҳли фарҳанг чорабини ба худ ранги дигар гирифт.