
ШАҲРИТУС. Дар асоси қарори Шўрои Маҷлиси намояндагои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 3 сентябри соли 2025 дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Ш., вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холбойзода Н., ва Муродулозода Д., раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Т.М, муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони МТМУ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ҷавонону фаъолон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ, вохўриву мулоқот, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди фаҳмондадиҳии моҳияти қонунҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва паҳншавии тафриқаандозӣ дар ҷомеа ва таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар баргузории вохўриву мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Ш., ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холбойзода Н., ва Муродулозода Д., доир ба мафҳуми моҳияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи бечунучарои талаботи қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни «34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баромад намуданд.