БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНДИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ "ПАНҶ"

ҶАЙҲУН: Санаи 1- сентябри соли ҷорӣ бо иштироки вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, муовини раиси ноҳия Сабурзода Насим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф ва раиси Ҷамоати деҳоти "Панҷ" Ачилдиев Баҳодур бо фаъолону интихобкунандагон суҳбату вохуриҳои судманд баргузор гардид.
Нахуст муовини раиси ноҳия Сабурзода Насим маҷлиси имрӯзаро кушода, меҳмононро бо сокинонони Ҷамоати мазкур шинос намуда, суханро ба вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Неъматулло дода шуд. Зимни баромад Иброҳимзода Неъматулло оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ироа гардида буд, ибрози андеша намуда, вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохил ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, дар бораи тағиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи ҶумҳурииТоҷикистон, кодексҳо аз ҷумла дар кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва самараноки нерӯи барқ, зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ёдовар гардид.
Дар охир суолу дархостҳои сокинонро шунида ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg