БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ТАНТАНАИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “СУРУШИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САЙЁД

А.ҶОМӢ: Бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Ҷамоати деҳоти Сайёд, чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Суруши Истиқлол” баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии сиёсӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, вакилон, фаъолон, роҳбарияти ҷамоат кормандони муассисаҳои таълимӣ, занону ҷавонон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд. Барномаи фарҳангӣ, бо суруду рақсу шеъру суханҳо дар васфи Истиқлол, Ватан ва Пешвои миллат садо доданд, ки рӯҳу илҳоми ватанпарастии иштирокчиёнро боло бурд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлолият дастоварди бузург ва муқаддаси миллати тоҷик буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки онро ҳифз ва пос дорад.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи Ҷамоати деҳоти Сайёд ва аъзоёну ҷонибдорон ба як қатор саҳмгузорони маҳаллӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg