
Кӯшониён: Санаи 1-уми сентябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида мулоқоту вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Холзода Муҳамадшариф Муҳабат-раиси ноҳияи Кӯшониён, Шодиён Муҳаммад Султонзода– вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи #27, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Кӯшониён Каримзода Ширинбек, муовинони раиси ноҳия, вакилони ноҳиявӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби вакил қайд гардид, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад, ки дар марҳилаи солҳои 2025-2030 тамоми заминаҳои воқеиро барои рушду тараққиёт ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум муҳайё месозад.
Ҳамзамон дар суханронӣ қайд гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.
Баъд аз ноил шудан ба Истиқлоли комили давлатӣ 9 сентябри соли 1991, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зарурати муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии он ба ҷомеаи ҷаҳон ба миён омад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидаву дурбинонаеро бо номи “сиёсати дарҳои боз” тарҳрезӣ намуд, ки он барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии кишвар бо аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд, иброз доштанд маърӯзачиён дар рафти вохӯрӣ.