
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲҲДТсанаи 17 июли соли 2025, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод чорабинии ҳизбии насби Парчами миллӣ баргузор шуд.
Ин иқдом ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат дар болои боми манзилҳои истиқоматии сокинон амалӣ гардид.
Дар чорабинӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Мирзобаротзода Салоҳиддин, муовини раиси ноҳия, Ҷалилзода Сайрамбону, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод, Боронова Маҳбуба, раиси Ҷамоати шаҳраки Чорсу, аъзои намояндаги ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур на танҳо арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, балки омили баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон мебошад.Сокинон аз ин иқдоми ватандӯстона хуб истиқбол гирифта,бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” парчамҳои давлатиро дар манзилҳои истиқоматии онҳо насб намуданд.
Адиба Нодирова
“Ҳамрози халқ”























