БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛИСТ

АНДЕША. 21 – декабри соли 2021 дар толори “Кохи Сомон” Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2021 барои мардуми шарифи тоҷик яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда 30- солагии истиқлолияту озодии Ватани азизамон мебошад. Тоҷикистон ба марҳалаи рушду тараққиёти худ дар соли 2022 ворид мешавад. Президенти кишвар бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки давраи соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии ватан ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи тоҷик дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ бо иҷрои ҳадафҳои дар наздаш гузошташуда ноил гардид. Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдатӣ миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ  ноҷот бахшидани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихи навин  дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки мо ба он маҳз бо шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем, – иброз доштанд дар Паёмашон Пешвои миллат.

Дар Паёми имсола Президенти кишвар ба рушди соҳаи маориф афзалияти бештар дода, қайд карданд, ки дар 30- соли соҳибистиқлолӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1млн. 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд ва 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор хонандагон фаро гирифта шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистедоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристонида мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2021 шумораашон ба 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Дар даврони Истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст.

Пешвои миллат бо мақсади як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар Паёми имсолаашон солҳои 2022-2026-ро солҳои “Рушди саноат” эълон намуданд.

Бо амали шудани солҳои “Рушди саноат” 500 ҳазор ҷои кории нав муҳайё карда мешавад. Ин иқдоми наҷиб бешубҳа иқтидори иқтисодии мамлакатро такон дода, мавқеи кишварро дар сатҳи бозори ҷаҳонӣ устувор мегардонад.

Албатта, тавре Пешвои миллат зикр намуданд, барои расидан ба ин мақсад амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба таври самаранок ва босубот таъмин карда шавад.

Пешвои миллат бо як ҳисси ғамхориву дилсӯзӣ ва меҳру муҳаббати хоса нисбати мардуми Афғонистони ҳамсоя иброз доштанд, ки дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо вазъият на он қадар хуб ва муракаб боқӣ мемонад.

Дар ҳақиқат 20 сол мешавад, ки Пешвои миллат аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб карда истодааст.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу салоҳ, оромӣ, суботи сиёсӣ ва дар фазои ҳамсоягии нек зиндагӣ кардан бо Афғонистон мебошад.

Пешвои миллат Ҳукумати мамлакатро супориш дод, ки барои расонидани кӯмаки башардӯстонаи мақсаднок ба халқи Афғонистон ҷораҷӯи намояд.

Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кӯмаки башардӯстона барои халқи бародари афғон фаъолият карда истодааст.

Пешвои миллат ба тамоми ҳамватанони азиз муроҷиат карда, як нуқтаи муҳимро хотирнишон сохт, ки ҳамаи мо якҷоя як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободи табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро ба заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Шарипов Р., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg