БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РАҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК

ҲАМАДОНӢ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баромад корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамзияи Ҳисайндухт оид ба Паёми Пешвои миллат ба Мҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ буда, роҳнамои мо ба сӯи фардои нек мебошад.

Дар ҳақиқат сокинони кишвар  таҳти роҳбарии шахсияти бузурги  таърихи навини  тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ ба созандагиву ободонӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ноил гардид.

Инчунин, дар бораи пешгирии бемории сироятии ковид-19 суханронӣ шуда, қайд гардид, ки эмгузаронӣ воситаи асосии пешгирӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg