БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар оромгоҳи деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, имомхатиби шаҳр ва сокинони деҳаи мазкур Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар ин рӯз беш аз 40 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳашари дастаҷамъона  баромада,  дохил ва атрофи оромгоҳро тоза намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg