БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАМОШОИ БАРНОМАҲОИ ДАССИСАБОЗОН РОҲ БА СӮИ ГУМРОҲИСТ

ВОКУНИШ. Барномаҳои ҳаррӯзае, ки дар шабакаҳои интернетӣ аз тарафи гурӯҳҳои тундгаро пахш мегардад, тамошо карда, хостам, ки фикру мулоҳизаҳои худро манзур намоям. Масъулини ин барномаҳо дар баромадҳояшон танҳо ва танҳо ба сари миллати тоҷик санги маломат мезананду бо дурӯғу дассисаҳои хеш мардумро гумроҳ менамоянд. Дар ҳақиқат як қатор ҷавонон фирефтаи дурӯғҳои онҳо мегарданд, ки боиси нигаронӣ аст. Баъзе аз ҷавонон намефаҳманд, ки мақсаду мароми ин дассисабозон тафриқа андохтан миёни сокинони осоишта ва ноором сохтани давлату миллат мебошад.

Имрӯз аз чи бошад, ки тамоми шабакаҳои телевизионӣ воқеаҳои ҷангу ҷидол ва мудохилаи баъзан давлатҳои абарқудратро ба давлати Сурия, Ироқ ва Афғонистон нишон ҳам диҳад барои баъзеҳо ибрат нест. Риояи накардани қонун ва ташкили митингу гирдиҳамоиҳо барои террористону экстремистон заминаи мусоид буда, амнияти моро халалдор месозанд.

Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба ҷои саҳм гузоштан дар тинҷиву оромии кишвар ва ё мусоидат кардан баҳри пешравии кишвар даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананду зиндагии рангини худро ба зулмату торикӣ табдил медиҳанд?  Сабаби ин ҳама гумроҳӣ чӣ бошад? Чӣ омилҳо метавонад ҷавононро ба содир намудани ҷиноят водор созад?  Ба ин саволҳо танҳо чунин посух додан мумкин аст, ки ҳамаи ин аз рӯи надоштани саводи кофӣ, дур будан аз фарҳангу хештаншиносӣ ва инчунин гумроҳу зудбовар будани  аксарияти ҷавонон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки мо ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравем. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро, зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда кишвари худро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дорем, баҳри пешрафту тараққиёт, рушду нумӯи кишвари азизамон сидқан талош намуда, аз содир намудани ҳар гуна ҷиноят худро эмин нигоҳ дорему ҳаёти ширину рангини худро бо дастони худ тираву торик насозем, баръакс бо дӯст доштани ватану миллати хеш ояндаи дурахшоне бисозем.

Мирзоева Г., сокини ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg