БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ТАҚСИМИ НИҚОБ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

КӮШОНИЁН. Мудирони шуъбаҳои таблиғот ва кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус ”CОVID-19” чорабиниҳои таблиғотиро вусъат бахшида, бо ин мақсад дар деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аксияи ниқобтақсимкуниро бо усули “хона ба хона” ташкил намуданд.

Ҳангоми вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолии деҳаи мазкур таъкид доштанд, ки тибқи тавсияи табибон амал намуда, ҳама ҳатман ваксина гиранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосиларо қатъиян риоя карда, ниқоб дошта бошанд. Ҳамаи моро зарур аст, ки аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кардаву гигиенаи шахсиро риоя намуда, бо ин роҳ худ ва наздиконамонро аз бемории сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Инчунин, вобаста ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg