БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОСТАШАВИИ АХЛОҚ ДАР ҶОМЕА ТАВВАҶҶУҲИ АМИҚРО МЕХОҲАД!

АНДЕША. Ахлоқ ибораест, ки маҷмӯи рафтору кирдор, гуфтор, хулқ ва сиратро дар як шахс инъикос менамояд. Ҳамзамон, мафҳумест, ки мо бо он сари ҳар қадам вомехӯрем ва онро дар ҳар ҷои ҷамъиятӣ зиёд мешунавем. Аммо кам нафароне пайдо мешаванд, ки дар кадом сатҳ қарор доштани ахлоқро дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор диҳанду нисбати косташавии он дар ҷомеа чораандешӣ намоянд. Зеро пешрафту рушди ҷомеа маҳз ба густариши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ рабт дорад.

Мутаассифона, косташавии ахлоқ дар ҷомеа миёни насли наврас, ҷавонон ва ҳатто миёнасолон ба назар расида, оқибатҳои мудҳишу нохуши онро мо дар ҳама самт мушоҳида менамоем. Аксари нафарон чунин гумон доранд, ки ахлоқ танҳо ба калонсолон салом додану дар нақлиётҳои мусофиркаш ба онҳо ҷой додан асту халос. Аммо ин иштибоҳи калон аст, зеро ахлоқ тамоми қоидаҳои асосии муносибати байниҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамонро ба танзим медарорад. Асосан мазмун ва моҳияти ахлоқро муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданию фарҳангӣ муайян мекунад. Бешубҳа, косташавии ахлоқ  ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ таъсир расонида, тараққиёти онро метавонад тезонад, ё худ рушду инкишофи онро суст ва заиф гардонад. Мо имрӯзҳо косташавии ахлоқро дар ҷомеа зиёд мушоҳида менамоему худро бетараф ҳисобида, масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳем.

Омилҳои косташавии ахлоқ зиёданд, аммо аксаран интернет, оила, ва мактабро муҳимтарин мешуморанд. Вале сабабгори асосӣ  ҷомеа маҳсуб меёбад, зеро  инсон дар оила ва ё муассисаҳои таълимӣ ҳеҷ гоҳ ба омилҳое, ки носозгоранд, ҷалб намешавад. Яке аз ахлоқи ҳамидаи халқи тоҷик- ин доштани шарму ҳаё барои мард ва зан мебошад. Мутаассифона,  косташавии ин хислати аҷдодии халқи тоҷик имрӯзҳо ҳам дар байни насли ҷавон ва калонсолон зиёд ба назар мерасад, ки аксар интернетро сабабгори асосӣ медонанд. Бе муҳобот, шумораи истифодабарандагони ин шабакаи глобалӣ байни сокинони кишвар хело зиёд аст, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо бешарму ҳаё ҳастанд. Аммо таъсиррасонии интернет дар косташавии ахлоқ ҷой дорад ва шарти муҳим ин бетарафии ҷомеа мебошад. Дар гузашта бузургони мо фарзанди ҳамсояро тарбия мекарданд, аммо имрӯз чӣ ? Сабаби бетарафии мо дар чист? Магар бани одам аъзои якдигар нестанд?. Агар ахлоқ дар пешрафти тараққиёт нақши калидӣ дорад, пас чаро дар беҳгардонии ахлоқ дар ҷомеа саҳмгузор набошем. Ҳар як сокини Тоҷикистон дар беҳтарсозии ахлоқ дар ҷомеа масъулият дорад ва ин масъулият набояд танҳо бар зиммаи падару модар ё мактаб гузошта шавад, балки ҷамъият низ бояд инсонро тарбият кунад, зеро ки мову Шумо ҷомеаро ташкил медиҳем. Пас биёед, дар беҳбудии ахлоқ дар ҷомеа саҳмгузор бошему миллату давлати азизамонро дар арсаи байналмилалӣ бо хулқу атфори нек муаррифӣ намоем.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg