БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ИДОМА ДОРАНД

ҶАЙҲУН. Дирӯз  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” дар деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Панҷ Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, раиси деҳаи Сомонӣ Иблоев Сайалам ва бо ҷалби беш аз 45 нафар сокинон корҳои ободонӣ амалӣ гашта,  роҳи байни деҳа ба масофаи зиёда аз 1 км сангфарш карда шуд.     

Зимни баргузории чорабинӣ доир ба раванди баргузории Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» сухан рафта, қайд гардид, ки Аксияи мазкур бо мақсади ободу зебо гардонидани деҳа, татбиқи  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон бармеояд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва бо ин васила сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо роҳандозӣ карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg