БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Бо  иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳри Модар” оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID – 19 ва инчунин, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID – 19 тавсияҳо дод. Мавсуф пешниҳод намуд, ки аз ин пас бо истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода карда шавад. Аз ҷумла қайд кард, ки шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи ҳизби мо мебошад. Инчунин, ба иштирокчиён чанд нуқтаи дигаре аз Паёмро низ хотиррасон намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg