БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛИ СИНФХОНАИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

КӮШОНИЁН. Дар Маркази таҳсилоти иловагии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” бо ташаббуси директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Сафарзода бо маблағгузории “ТҒД Томирис” як синфхонаи инноватсионӣ кушода шуд. Маркази таҳсилоти иловагии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” тайи чор соли охир дар сафи пешсафон қарор дошта, ба ин муносибат  синфхонаи инноватсиониро дастрас намудааст.

Бояд қайд намуд, ки ташкили синфхонаи инноватсионӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба ҳисоб рафта, ба рушди фанни технологияи иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg