БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

ШАҲРИТУС. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, гурӯҳи корӣ бо иштироки  муовини раиси ноҳия Раҷабзода М., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода ва дигар шахсони масъул иштирок  намуданд.

Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳангии худ, ташаккули маърифати  сиёсии  ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ, худдорӣ аз истифодаи сару либоси бегона, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад  намуданд.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар баромади худ оид ба  “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ” маъраки даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба омилҳои гуногун имрӯз таҷдидталаб менамояд дар ин мавзӯъ ба сокинои ҷамоати деҳоти Обшорон муроҷиат намуда, ба онҳо бандҳои Роҳнаморо фаҳмонида дод, ки то мушкилӣ даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳалли худро ёбад, ҳамзамон варақаҳои “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ” ба сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаву деҳаҳо, тақсим карда дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg