БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Ман ба қудрати созандаи халқам итминони комил дорам!

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби санъати бачагона» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия  Раҷабализода Парвиз вохӯрӣ доир  гардид.

Дар вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонон баргузор гардид.

Қаҳҳоров Искандар ба сухан баромада  қайд намуд, ки мебояд идеяи худогоҳии миллӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа  ташвиқу тарғиб гардад.

Яқин аст шахсе, ки арзишҳои миллиро муқаддас намедонад, ҳатто дар радифи аввали  бовариҳояш амнияти  Ватанро намегузорад, ҳаргиз тоҷики асил буда наметавонад.

Воқеан, он сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳаллаҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ба бар менамоянд либоси миллии тоҷикона мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg