БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

АНДЕША.  Имрӯзҳо ба пуррагӣ мушоҳида мегардад, ки ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки зеҳну андешаи ҷавонони моро беътаъсир намегузорад. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои муваффақияти ин гурӯҳ ва ҷойгоҳи байналмилалӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад. Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи катьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад.   Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки барои зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият, якпорчагии давлат ва ба мақсади барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.    Дар шароити ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб онҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ саҳм намегузоранд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» ҷавононро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даъват намуда, амалҳои бади худро «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» мегӯянд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Бино бар ин, моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарвою бемасъулият набошем ва дар таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст. Аксари ин амалҳо зери шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегирад. Хусусияти асосии мавҳи муосири ифротгароии динӣ дар он аст, ки тарҳрезони ин гурӯҳҳо бо моҳияти ифротгарони динӣ хуб ошно буда, акнун онро силоҳи муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ намудаанд. Ин ҳолат моҳияти масъаларо комилан дигар карда, ифротгароии диниро аз як «маводи хом» ба як нерӯи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, ба як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва ба як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятӣ мубаддал гардонидааст.Таъсир ё самаранокии фаъолияти чунин гурӯҳҳо барои татбиқи ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худ аз таъсири бомбаҳои атомӣ дида бузургтар аст.Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аслан, терроризму ифротгароӣ дар байни ҷомеа аз аввалин сабақомузии динӣ дар назди домуллоҳо ва нимчамуллоҳо маншаъ мегирад.Хусусияти дигари ифротгароии динии муосир дар он аст, ки аксари кулли пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз ҷанбаҳои маънавию рӯҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он, умуман, баҳраманд нестанд. Намояндагони гурӯҳҳои ифротгароӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бояд қайд кард, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ҷумла, дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо карда, барои зиёд кардани тарафдорони худ кӯшиш карда истодаанд. Чуноне ки маълум аст ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад.  Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия ва дигарҳо баръало дидан мумкин аст. Аз ин рӯ ҳамаи моро зарӯр аст, ки ба хотири ҳифзи оромии ватану миллати худ, пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ камари ҳиммат бубандему зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.

Абдулҳафиз Қурбонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg