БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН

ТЕМУРМАЛИК. Мавзуи асосии вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ, Насимзода Ҳотам Ҳабибулло вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Қурбонов Шералӣ  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Сатторзода Шамсулло Ятим  директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар  деҳаи Қарақамиши ҷамоати деҳоти Ҳусейнобод оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID – 19 ва инчунин, баррасии “Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. 

Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID – 19 тавсияҳо дод. Пешниҳод намуд, ки аз ин пас бо истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода карда шавад. Аз ҷумла қайд кард, ки шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи ҳизби мо мебошад. Инчунин, ба иштирокчиён чанд нуктаи дигари аз Паёмро низ хотиррасон намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg