БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ МУЖДАРАСОН

НОРАК. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз” вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Гулмуродзода Қумриниссо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад  намуда, иброз дошт, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт. Дар идомаи ин раванд, соли 2022 даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ  гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд шуда, соли 2022 ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 43,8 фоиз баробар мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg