БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲИ ПАЁМ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон ва омӯзгорони муассиса вохӯрӣ доир гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант  Фарҳод Муъминов вобаста ба забономӯзӣ, донистани урфу одат, анъана ва фарҳанги миллии халқи тоҷик, фарҳанги истифодабарии воситаҳои электронӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, нашъамандӣ суханронӣ намуд. Инчунин  раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ҳикматулло Султонов оид ба ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, аз бар намудани илму дониш, эҳтироми падару модар ва калонсолон ибрози андеша намуда, аз таҷрибаи зиндагӣ ва муаллимонии худ ба омӯзгорони ҷавон тавсияҳо дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg