БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДАМҲОИ СОЗАНДА АЗ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДӮСТӢ.  Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абӯбакр Ҷалолов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва раиси ташкилоти ибтидоии "Ҷамоати Ҷиликӯл" Қаҳрамон Давлатов дар байни сокинон, аз он ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Гулрез", "Ғалаба", "Меҳргон", "Чаманистон" ва "Гулафшон" вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрии мазкур, ки раисони ташкилотҳои мазкур ва аъзову ҷонибдорони ҳизб даъват гардида, онҳо вобаста ба тамоми мавзӯъҳои муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ доданд.     Инчунин, ҳозиринро ба қадамҳои созанда ба хотири рушду пешрафти ватани азизамон- Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg