БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

АНДЕША. Бемориҳои сироятӣ аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд,  манбаи сироят одам ё ҳайвони сироятёфта ноқили ангезанда, одамони ба сироят ҳассос. Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ гуруснагӣ ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ хастагӣ гармии аз ҳад зиёд, таъсири сармо, гелминтозҳо зичии аҳолӣ ва ғайра мусоидат менамоянд. Гузариши бемориҳои сироятӣ тавассути микроб, бактерия ва вирусҳо ба амал меояд.

Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонад ва дар сари вақт барои пешгирии  паҳншавии он тадбирҳои мушаххас намеандешанд ба саломатии одамон хатари ҷиддиро ба миён оварда, дар баъзе мавридҳо оддитарин бемориҳо сабабгори марги инсонҳо мегардад.

Инсонҳо дар ҳама маврид бояд ба риояи қоидаҳои гигиенӣ одат намоянд. Дар чунин сурат бемориҳои сироятӣ наметавонанд дар бадани инсоне, ки мунтазам қоидаҳои гигиениро иҷро менамояд авҷ гирад. Солими ҳар як инсон муносибати ҷиддии ӯ ба бадан ва ғизои мехӯрдагиаш мебошад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки бемориҳои сироятиро донанду аз тавсияҳои духтурон оид ба пешгирӣ ва аломатҳои он бохабар шаванд.

Аз ҷониби дигар аз хурдсолӣ гирифтани ваксинаҳо тавсия дода мешавад. Ваксинаҳо низ дар пешгирии бештари бемориҳо нақши муҳимро мебозанд.

Иботов Д., мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg