
ХУРОСОН. Дар деҳаи Роҳатии ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва дигар шахсони даъватӣ бо аҳли заҳмати деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯри масъулин оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12майи соли 2018 бармеояд, суханронӣ намуда, моҳияту муҳтавои онҳоро ба сокинон расониданд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд дар ҳудуди ноҳияи хуросон бо ҷалби сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ идома дошта, дар охир ба онҳо маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.