БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОН ФАРЗАНДОНЕРО, КИ АЗ НАМАКДОНИ ИН МИЛЛАТ ТАЪМИ НАМАК ЧАШИДААНДУ БО САНГИ ҶАФО ОНРО ШИКАСТАН МЕХОҲАНД, НАМАК КӮРАШОН КУНАД

ВОКУНИШ.  Ҷангу хунрезӣ ва муборизаҳои пай дар пай таъсири манфӣ дар тафаккури ҳар фард гузошта, ӯро водор месозад, ки   даст   ба  ваҳшонияти    нав  ба  нав бизанад ва аз доираи одамият  берун  раваду  хислати дарандагиву  бадхӯӣ  ва  одамозориро пешаи худ созад.                                                                     Даҳшатовараш   он аст, ки ин гуна  одамон на тарс аз қудрати Парвардигор доранду на бим аз оташи ҷаҳаннам. Ва алъон ҳам, ки шоҳиди  ҷанги хонумонсӯзи  шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон  будам  ва чӣ қадар ваҳшиву даррандахӯй будани фарзандони миллати мо, ки барои пулу мол ва сарвату мансаб шуда, бо ҳидоятҳои хоҷагони зархаридашон   чӣ қадар зулму тааддиро ба бародару модару хоҳар ва падари хеш раво дидаанд  бо  чашмони  худ  дидам. 

Аммо онҳо боре андеша ҳам намекарданд, ки ба кадом хотир ба ин амали ношоиста даст мезананд.  Андешаи онро намекарданд, ки бо ин амали хеш абадан дар оташи ҷаҳаннам  месӯзанду месӯзанд.

Ҳамаи  мо сокинони кишвар амалҳои номатлуби як гурӯҳи фарзандони нохалафу чоҳталабе, ки дар кишвари маҳбубамон соли 1991 ҷанги шаҳрвандиро  ба вақӯъ пайваста, ҳазорон-ҳазор мардум куштаи тири ноҳақ гардид, аксарияти мардум дар диёри бегона сарсону саргардон шуда буданд.  Аламовараш он аст, ки то ба ҳанӯз аз бештари гумшудагон асаре нест.

Алангаи оташи ин ҷанги хонумонсӯзро на худи душманони  миллат, балки фарзандони «ноқисул-ақл»-и ин миллат ба василаи  ҳидоятҳои  хоҷагони хориҷӣ фурӯзон намуданд.

Имрӯз як гурӯҳи лидерони  «қаҳрамонон» ҷавонони  шаҳри Хоруғи  маркази  вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ҷинояткору  нашъаҷаллоб  даст ба  ҷиноят  зада,  вазъи  маркази вилоят    шаҳри  Хоруғро ба  нобасомонӣ  бурдан  мехоҳанд.  Ин лидерони  ҷудоиандозу  нашъафурӯш, тангназару  худписанд ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи  гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми Бадахшони тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо  онҳо бозори  ҳангоматалабии  худро  гарм  сохта,   бо  истифода  аз баъзе   шаҳрвандони  ноогоҳ   бо  мақсади  пинҳон  намудани ҷиноятҳои  содиркардаашон даст  ба қонуншиканиҳо зада,  намоишу раҳпаймоиҳои  ғайриқонунӣ  ва  талабҳои  ноодилонаву  бемантиқ  мекунанд. Як  гурӯҳ   ашхоси зодаи  Бадахшон, ки  берун  аз  кишвари  азизамон умр  ба  сар  мебаранд  ба  ҷои  он ки  мисли  шаҳрвандони  кишварҳои  пешрафта барои  рушду  ободии  он  бошанд,  бо  ҳар  гуна  муроҷиатномаву  даъво ба  оташи  ҷинояткориҳои ин  ашхос  дар  шаҳри  Хоруғ  равған   мерезанд.  Ба  Шумо  бародарони  зодаи  Бадахшон, ки ҳоло  дар  хориҷи  кишвар  ҳастед  муроҷиат  карда   мегӯям, ки  агар  ба  Ватани  худ  фоидае  расонидан наметавонед,  масъулияти инсонии  худро барои  таъмини  суботу  оромии зодгоҳатон  гум  накунед,   дассисаю  иғвоҳои  навбатии  худро  нисбати  давлату  Ҳукумати  феълии Тоҷикистон  бо   тобиши  барои  худатон  маъқул пешниҳод  накунед  ва   ҷомеаро ба нофаҳмӣ  набаред.

Мардуми  шарифи  кишвар  хуб дар ёд доранд воқеаҳои хунини соли 2012-ро, ки дар шаҳри Хоруғи маркази ВМКБ ва ҳодисаи даҳшатангези 4 сентябри оли 2015-ро, ки  дар Душанбе  рух дод. Мардум аллакай  боварӣ ҳосил намуданд, ки  ҳақиқатан ба Пешвои  миллат содиқанд, зеро ин инсони наҷиб тавонист бо ақли солиму заковату хирадаш ба ин амали разилонаи як гурӯҳ нохалафон хотима бахшад.  Дар  ёд  дошта  бошем, ки  имрӯз  дасти  Ҳукумат  ба  тамоми ҷанбаҳо  мерасад. Он қодир  аст, ки  амнияти  шаҳрвандонро дар  ҳама  гуна  вазъият ҳимоя  намояд.  Ҷавонони  гумроҳи  шаҳри  Хоруғ  худро  бадном  накунед  ва аз итоати   ин  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша  дар  канор  гиред, ягона  роҳе, ки  интхоб  бояд  кунед  ин  итоати  бечунучаро ба  қонун  мебошад.   Ҳар  шаҳрванде, ки    қонунҳоро риоя  намекунаду  даст ба  ҷиноят  мезанд, ӯ  ҷинояткор  аст.  Ҷинояткор  дар  назди  қонун  ҷавоб   медиҳад.

Раҳмон  Муродов, муовини  раис –мудири  шуъба  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg