БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА МАҲСУБ МЕЁБАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади баррасии шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи касбии техникӣ”-и ноҳияи Восеъ бо хонандагони ин даргоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки хизмат ба ватану модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст ва барои адои ин қарз ҷавононро зарур аст, ки ватани азизи худро сидқан дӯст дошта, барои хизмати Ватан ҳамешаву дар ҳама ҳолат омода бошанд.

Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон иброз доштанд, ки “...ҷавонон ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд”, пас ҳар як ҷавони боирода, ватандӯст ва худогоҳро зарур аст, баҳри ояндаи дурахшони ватан ва ояндаи босаодати хеш пайваста талош намояд, инчунин талош намояд, ки соҳибкасбу соҳибҳунар, бо донишу бо фарҳанг бошад ва ба давлату миллати хеш содиқонаву  поквиҷдонона хизмат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg