БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДАХШОН – УЗВИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН

ВОКУНИШ. Воқеаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон руйдода моро бетараф намемонад. Ба ин ҷавонҳо чӣ намерасад? Шояд андак камбудие дар зиндагӣ доштанд ва барои чӣ сабру андеша накарданд, ки рӯзе камбудиашон ҳаллу фасли худро ёфта, бартараф мешуданд. Ба ҷиноят даст заданд, паси панҷара рафтанд, аммо фикр аз падару модар, зану фарзандондон ва раҳм ба ҷони ҷавони худ накарданд.

Ёдовар мешавем, ки на танҳо шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давраи Истиқлолияти Ватан садҳо баробар  ободу зебо гаштаанд, ки ҳамаи ин ободкориҳо натиҷаи ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тоҷикистон ватани ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён мебошад. Дигар миллату халқиятҳое, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, барои давлат ва миллати тоҷик хизмат кардаанд, онҳо низ комилан ватандор буда, метавонанд дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон озодона сайру гашт ва кору фаъолият намоянд. Бадахшон як узви ҷудонашавандаи Тоҷикистон буда, ягон гурӯҳи авбошу ҷинояткор онро аз мо ҷудо карда наметавонад.

Аз падарону модарон ва ҷавонони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват менамоям, ки рӯҳи арвоҳи гузаштагони бузурги Бадахшонро ноором накунанд. Шахсони обрӯманди Бадахшонро, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон кору фаъолият мекунанд, дар хиҷолат намонанд. Мардуми Бадахшон анъанаҳои бобоии худро аз даст надиҳанд. Чи тавре ки дар деҳаи Теми ноҳияи Шуғнон авлоди Имомбердиевҳо дар оила бо ҳамдигар муносибати эҳтиромона доштанд. Аз ин рӯ, онҳоро пайравӣ намуда, бо ҳамдигар ҳатто ба роҳгузарону меҳмонон хушгуфторӣ намуда, дили якдигарро шод мекарданд. Аз ин рӯ, онҳоро дар минтақа ҳамчун одамони дорои ахлоқи баланди инсонӣ мешинохтанд.

Бори дигар иброз мекунем, ки мо мардуми Тоҷикистон бародарони Бадахшонии худро пушти даст намекунем. Дарвозаҳои дили мо барои Шумо доимо кӯшодааст. Фақат дониста бошед, ки як сухани беҷо ва як рафтори нодуруст чӣ бадбахтиҳоро ба сари инсон меорад.

Мо мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, кинаю адоватро аз дилҳо дур намуда, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи сулҳҷӯёнаю инсондӯстнаи Роҳбари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, барои Ватани азизамон содиқонаю софдилона хизмат менамоем.

Ғафурзода Рухсора, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg