БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Моҳинави Қурбонмад оид ба нуктаҳои Паём, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, кишоварзӣ, рушди босуръати соҳаи саноат, дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани наврасон, нақши бонувону занон дар ҷомеа  суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф як соҳаи бениҳоят муҳиму афзалиятнок ва пояи асосии давлатдорӣ   арзёбӣ гардида, Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин соҳа бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шавад. Дар анҷоми вохӯрӣ ба ъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg