БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

МУЪМИНОБОД. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳияи Муъминобод бо иштироки зиёда аз 160 нафар сокинону фаъолони ноҳия вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти мамлакат вохӯрӣ доир карда шуд. Вохӯрии мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади расонидани муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

 Дар ҷамъомади мазкур муовини раиси ноҳия Зарифов Абдураҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабов Абдулло, раиси ҷамоати шаҳраики Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва директории муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён аз нуктаҳои Паёми ёдовар шуда, иброз гардид, ки роҳ муҳимтарин васила ва пайвандагари наслҳо ба ҳисоб рафта, дар пешрафту зиндагии мардум мусоидат карда метавонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар мақсад дорад, ки дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тармабударо бунёд намояд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсола иброз намуданд, ки ҳангоми лоиҳакашӣ сохтмончиёнро зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта шуда, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg