БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР...

ВОКУНИШ. Ҳар рӯз ва ҳар соат аз тариқи шабакаҳои интернетӣ гурӯҳҳои ифротгаро, иғвоангез бо номи "гурӯҳи- 24" , "Садои мардум " , " Ислоҳ ТВ" ва ғайраҳо давлати соҳибистиқлолу демократӣ , тинҷу ором, ки халқи он орому осуда зиндагонӣ мекунанд,  нисбати Ҳукумати кишвари азизамон суханҳои носазову бардурӯғ мегӯянд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо ин рафтору гуфторашон рӯҳияи мардуми моро дигар карда метавонанд. Ҳаргиз! Гузаштаи таърих мактабе буд, ки халқи тоҷик онро омӯхта аз он дарси ибрат гирифтаанд. Бахусус, ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки он ҳам бо иғвои хоинони миллат сар зада буд, ҳазорҳо одамонро бехонумон, ҳазорҳо модаронро ҷигарбирён ва ҳазорон кӯдаконро ятиму сарсону саргардон гардонид. Онро халқи тоҷик ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Хушбахтона он дер давом накард. Маҳз бо сарварии Роҳбари оқилу доно ва хиради азалии миллати тоҷик оташи ҷанги хонумонсӯз хомӯш гардид. Сулҳ байни ду бародари ҳамхуну ҳамтану ҳамҷон пойбарҷо гашт.  Сулҳе, ки давлатҳои дигарро дар ҳайрат гузошта буд.  Намедонам гурӯҳҳои ифротгарову иғвоангез чи гуна давлат месохта бошанд? Давлатеро , ки роҳбари онҳо мехоҳад, магар мардумро дар "Гавҳораи ноз” хобонда барояшон шири мурғу тухми анқо муҳайё мекарда бошанд?   Мардуми оддии заҳматкаш дар ҳама давру замон бо меҳнати ҳалол ва обилаи кафи дасту арақи ҷабин ризқу рӯзии худро меёфту нони ҳалол мехӯрд. Маҳз барои ҳамин мардум оромиву осоиштагии кишварашро аз ганҷи Қоруну тахти Сулаймон беҳтар меҳисобад. Вақте, ки модар шаб бедор мешаваду хоби бароҳати фарзандонашро мебинад, магар аз ин дида хушбахтии дигаре буда метавонад. Бибиҳоямон мегуфтанд, ки “Нони хушкро дар оби хунук тар карда хӯр”-у танат сиҳат бошаду вақтат хуш. Барои мо дар ин Ватани биҳиштосо  ҳаммаи нозу неъматҳои дунё муҳайёст. Мо ниёз ба хӯрдани “нони хушку  оби хунук” надорем.                

Ман нафақат ба ҷавонон балки ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯям. Ҳушёрии миллиро аз даст надиҳанд. Ба қадри ҳар як зарра обу нон, хоки  Ватани азизамон, ба қадри 30- соли Истиқлолияти кишвар, ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат бирасанд. Дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид шуда, барои оромиву осоиштаги ва сулҳи пойбарҷои кишвар бо ҷону дил кӯшиш намоянд. 

Давлатова М., мудири шуъбаи ҷавонон ва занони ҲХДТ дар н.Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg