БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМО БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

КӮЛОБ. Дар маркази саломатии шаҳрии № 2 - и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ – Саъбагул Валиева бо табибон ва сартабибони беморхонаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, Саъбагул Валиева қайд намуданд, ки ҳоло дар соҳаи тандурустӣ дар мамлакат 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият доранд, ки ин бешубҳа аз  дастгирию ғамхориҳои давлату ҳукумат ва хусусан аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати мллӣ - Певои милат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сарчашма мегирад.

Месазад, ки ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат дар пешбурди соҳаи тандурустии мамлакат нақши муҳимро дошта бошем ва ба ин ҳама шароити мусоиде, ки аз ҷониби давлату ҳукумат фароҳам оварда шудааст сазовор  гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg