БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН

КӮЛОБ. Ҳамарӯза бо иштроки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ва вилоятӣ миёни интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.

Ин навбат бо иштироки корманди масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбагул Валиева, вакили Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Кӯлоб  Қурбонзода Наргис ва собиқадори соҳаи маориф  Оламбӣ Сайдалиева бо интихобкунандагони маҳаллаи “Касирзода”-и шаҳр вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вакилон баромад карда, нуқтаҳои Паёми солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин, ҷиҳати вазъи ноороми ҳамсоякишварҳо ва ҳодисаҳои охири дар ВМКБ баамаломада ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом интихобкунандагон ба ҳозирин саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg