БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МИЛЛАТ ВА ОБОДИИ ДАВЛАТ

ҚУБОДИЁН. Дар ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобуддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Ҳилолӣ Рудоба  ва дигарон мулоқот доир гардид.

Ҳамчунин дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ муовини аввали раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ оид ба моҳияти  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 21-декабри соли 2021 ироа гардид, андешаронӣ  намуд.

Сипас,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобуддин ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Ҳилолӣ Рудоба дар бораи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg