
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо кормандони Кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия мулоқот доир намуданд.
Масъулин зимни баргузории мулоқот дар назди иштирокдорон оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеаи кишвар, семинар-машварати кишоварзони вилоят бармеоянд, андешаронӣ карда, моҳияти онро ба мардум фаҳмониданд.
Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ, ки ба ҷомеаи имрӯза мо халал ворид мекунад, таъкид карда, илова намуданд, ки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонони Ватан аст.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои дар доми фиребу найранги бегонапарастон наафтодан, зиракии сиёсиро аз надода, ҳушёру зирак бошанд.