БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

ТЕМУРМАЛИК.Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир бо сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Зимни мулоқот дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ деҳа баррасӣ гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонид. 

Инчунин, оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12майи соли 2018,ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ андешаронӣ кард.

Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳа Қодиров Исмоил андешаҳои худро баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg