БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮРНАМАКОН ҲЕҶ ГОҲ БА ҚАДРИ ВАТАНУ МИЛЛАТИ ХЕШ НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Мардуми тоҷик аз он миллатҳое ба ҳисоб меравад, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастиву ҷовидон мондани он лозим ояд ҷони худро низ дареғ намедоранд. Зеро Ватан ҷоест, ки мо дар он ҷо ба дунё омадаву ба камол расидаем. Ватан ҷоест, ки  чун модар моро дар оғӯши  худ парваришу навозиш мекунад. Ватан ҷоест, ки аз ҳавои софу беғубораш нафас мекашему боиси тамоми ҳастии мост.

Пас моро лозим меояд, ки шукрона кунем чун Ватан дорем. Шукрона кунем, ки Ватане дорем ободу зебо, тинҷу ором, биҳиштосо ва сулҳу осоиштагӣ дар он ҳамеша пойдор аст.

Вале афсӯс, сад афсӯс, ки имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки дар Ватан зиставу ба воя расида, нону намаки ин кишварро хӯрда берун аз кишвар Ватани худро сиёҳ мекунанду таъна ба сари миллати тоҷик мезананд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки барномаҳои сохтакоронаи ин ҳангомаҷӯён ҳар рӯз тариқи шабакаҳои интернетӣ пахш карда мешавад. Дар барномаҳояи онҳо ба ғайр аз сиёҳкунию таҳқиру маломату дурӯғгӯӣ дигар ҳеҷ чиз ба мушоҳида намерасад.  Ин шахсон дар ҳамин Ватани мову шумо чашм ба олами  ҳастӣ кушоданд. Ин дассисабозонро ана ҳамин Ватане, ки аз мову шумост тарбия кардаву ба воя расонидааст. Аммо бар ивази шукрона кардану обод кардани Ватан онҳо чӣ кор карда истодаанд? Кӯрнамакӣ. Ин кори кӯрнамаконро ба қавли мардуми тоҷик “Нон хӯрдаву дар намакдон туф кардан” мегӯянд. Ин фитнаҷӯён ҳеҷ гоҳ ба қадри ин Ватану ин сарзамину ин миллат  намерасанд.

Хулоса, ҳар яки моро инчунин аз хурд то бузурги ин сарзамини куҳанбунёдро зарур аст, ки чихеле, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳояшон таъкид мекунанд: “...Ватани хешро сидқан дӯст дорем..”. Муттаҳиду сарҷаъму иттифоқ бошему нагузорем, ки ҳеҷ як гурӯҳе ва ё шахсе тинҷиву оромии моро халалдор созад.  Доимо баҳри ободӣ, шукуфоӣ, хуррамиву сарсабзии диёри  хеш бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми муносиби хешро гузорем.

Мирзоева Г., сокини ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg