БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИРОДАИ ҚАВӢ КОМЁБГАРИ ИНСОН АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо ҳамаи мову Шумо шоҳиди рафтору кирдори баъзан афроде аз ҷомеа мегардем, ки  дар пешрафти ҳаёти худ ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.  Яке аз ин падидаҳо нодруст муносибати шаҳрвандон-махсусан ҷавонписарону ҷавонмардон бо атрофиён бо суханони қабеҳу дағал аст, ки  зебогии маҳал ва  ҷомеаи шаҳрвандиро  коста мегардонанд. Дар сурате, ки мо мардуми тоҷик аз азал суханвару хушрафтор будем. Дорои фарҳанги баланди Ориёӣ ва давлати “Сомониён” доштем. Мутаффакирони барҷастаи ҷаҳонӣ Абӯ Алӣ ибни Сино, Саъдӣ Шерозӣ, Берунӣ ва чандин донишмандону бузургон аз даврони кӯҳан то ин ҷониб, ки мартабаи миллати форсу тоҷикро баланд бардошта омадаанд. Аммо мо ворисони онҳо бошем ба ҷойи сухани хуб ва муомилаи ширин аз дағалӣ ҳеҷ худдорӣ намекунем. Ҳамаи ин ана аз ҳамон надоштани иродаи қавӣ вобастагии калон дорад.  Имрӯз ҷомеаи моро зарӯр аст, ки барои рушду пешрафти давлату миллати худ на танҳо дар байни насли наврас таълиму тарбияро бештар ба роҳ монем, балки, дар байни бисёре аз калонсолон ташкил намудани суҳбату вохӯриҳоро дар мавзӯи иродапарварӣ ба роҳ монем. Зеро, ки дар бузургтарин китоби таърихии инсоният омадааст: “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”! Пас  имрӯз моро зарур аст, ки ба хотири дӯст доштани Ватану миллати худ бояд зинаи иродпарвариро дар қалб ва ниҳоди ҳар як камирода мустаҳкам гардонем.                              

Қайд намудан зарур аст, ки шахси қавиирода дорои кадом хислатҳои накӯӣ инсонист: 1.Донишмандӣ, 2. Гуфтору пиндору рафтори нек, 3. Таҳаммулпазирӣ, 4. Камгапӣ, 5. Эҳтироми бузургтарон ҳангоми суҳбат, 6. Парҳезкор будан аз кашидани носу сигор ва машруботи спиртӣ, 7. Риояи рафтору кирдори дуруст дар истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар кӯчаву роҳ, 9. Ғамхори табиат ва дӯстдори ватану миллат, 10. Эътибор додан ба тамоми эълону хабарҳои расмӣ ва риояи он, 11. Дар сатҳи қонунӣ қарор доштани ҳолати шаҳрвандии он, 12. Аз ҳеҷ шахс ва ё ҳеҷ куҷо бе зарурият  қарз нагирифтани пулу мол, 13. Дорои шуғли асосӣ ва мавсимӣ будан, 14. Бетараф набудан дар пешрфти ҷомеа, 15. Масъулпазир будан дар таълим ва тарбияи хуби фарзанд ва ғайраҳо мебошад.     Бояд гуфт, ки мутаасифона нафароне, ки иродаи мустаҳкам надоранд дорои чи гуна рафтору киродоранд ва кадомҳоянд:                        

1. Нашъамандӣ, 2.Майзадагӣ,  3. Дағалу ҳақоратчӣ, суханчину гаправ, гапгардону зудқаҳр, 2. Золим будан дар ҳаққи зану фарзандон,  наздикон ва ҷомеа, 3. Бекорагӣ, коргурезӣ  ва аз ҳад  зиёд хоб рафтан, 4. Пайваста машғули тамошои маводҳои фаҳшу зӯроварӣ ва характери экстремистӣ-террористӣ дошта, 5. Дур будан аз хондани китобу расонаҳои хабарӣ,  6. Ваъдахилофӣ, дурӯғгӯйи, фиребгарӣ ва содиқ набудан, 7.Худдатърифкунӣ, ҳавобаландӣ ва бе маврид сухан гуфтан,8. Пурхӯрӣ  ва бе даъват ба хони касе ворид гаштан, 9. Аз меҳнати дигарон соҳиби обрӯ гардиданд. 10. Ифлос кардани ҷойҳои ҷаъмиятӣ, 11. Арзу шикоятҳо беасос ва иғвогарӣ, 12. Ҳасуди ва бахилӣ, 13. Поймол кардани меҳнати дигарон, 14. Булҳавасӣ, ишқварзӣ ва бевафоӣ, 15. Порахӯрӣ, дуздӣ ва ҷинояткорӣ ва ғайраҳо ба пуррагӣ гуфтан мумкин аст, ки ин аз тарафи шахсоне, ки иродаи қавӣ надоранд, ба вуқуъ меояд.                    

Вобаста ба ин муттафакири бузург Абуалӣ ибн Сино чунин ақида баён намудааст, ки дар такмили инсон нақши таълим ва тарбия хеле муҳим аст. Аз тариқи тарбия кӯшиш ба худшиносӣ ва касби камол ё худтакмилдиҳӣ роҳҳои асосии рушди ахлоқии инсон мебошад. Унсурулмаолии Кайковус фармудааст, ки мартабаи инсон на ба вазифа ва баромади иҷтимоии ӯст,  балки ба ақлу заковат ва ахлоқи  ӯ вобаста аст.    Шояд пас аз мутолиаи ин андеша қисме аз хонандагон нороҳат гарданд. Вобаста ба ин ҳадисҳоеро аз Расули Акрам (с.с) ба Шумо ёдовар мешавам:                         

Беҳтарин ибодат ба халқ хизмат кардан аст. Омӯхтани илм беҳтарин ибодат аст! Аз гаҳвора то гӯр илм биомӯз!   

Ва ё устод Саъдӣ Шерозӣ фармудааст:                             

Банӣ одами аъзои якдигаранд,                                 

Кӣ дар офариниш зи як гавҳаранд.                                   

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,                                      

Дигар узвҳоро намонад қарор.                       

Пас ба чунин хулосае омаданамон зарур аст, ки шахсе, ки ба халқ хизмат намекунад, дар пайи илму дониш нест, ба ҷомеа халал ворид мекунад, ҳатто нафаре, ки чунин кирдори норавои атрофиёнро мебинаду бетарафӣ зоҳир менамояд худ низ иродаи қавӣ надорад.   Дар сурате, ки иродаи қавӣ ва мустаҳкам дар қалби ҳар як шаҳрванди ҷомеа бошад, албатта ҷомеаи инсони рӯз аз рӯз, сол то ба сол рушд мекунад.  Хонандагони азиз! Истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ барои бовари ҳосил карданатон дар мавзӯи “Ирода” аз тарзи ҳаёту кирдори сокинони давлатҳои пешрафтаи дунё масалан Олмон, Хитой, Рум, Фаронса, ва баъзе аз давлатҳои араб воқиф шавед. Боварӣ дорам дигар мурчаёро озор додан намехоҳеду пайваста дар пайи гуфтаҳои дар болозикргардида мебошед.

Абӯбакр Ҷалолов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg