БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз насли ояндасоз вобастагӣ дорад

Ш.ШОҲИН. Бо  мақсади  тарғиби  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» бо кормандону аъзои ташкилоти номбурда  вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Сунатуллоева Мавзуна, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҳошимов Абдуҷаббор ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ» Ш. Қурбонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал масъулин дар назди  иштирокдорон  суханрониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, семинар-машварати  кишоварзони вилоят, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид, шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳояи сироятӣ,  аз ташхису муоинаи тиббӣ гузаронидани  навхонадорон, шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта  ва дигар масъалаҳои рӯзмарра андешаронӣ карда, онҳоро  барои хизмати софидилонаву содиқона ба халқу Ватан, ки солимии ҷомеа боигарии давлат ба ҳисоб меравад,  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg